Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Табассуми сарду аблаҳонаи Шогадо ва авзои ғазабноки ду тан чӯпон дар лавҳи хотираш нақш бастанд.
- Бибӣ
Бибӣ ӯро ба умеди он, ки духтари занҷирмӯй шавад, Занҷир ном карда буд. Дар ин гирду атроф ин ном расм набуд ва пиразан ҳоло ёд надошт, ки онро аз куҷо шунида, барои наберааш дар хотир гиреҳ карда будаст.
Ҳоло синни духтар ба ҳабдаҳ расида, хушқаду баст, занҷирмӯй ва латифандом буд ва бибии пир аз ваҷҳи андаке ҳусну тароват ва хушгилии набера ботинан изтиробу ташвиш дошт. Шабу рӯз андешааш ин буд, ки ягон гапи нохуш сар назада, духтарро ба дасти соҳибаш супорад.
Дар ҳалқаи хешу табор агар аз малоҳати Занҷир аз сари ваҷҳу таҳсин сухан кунанд, бибӣ бесаранҷом ба худ печутоб мехӯрд, рӯй турш мекарду нописандона лаб пеш медамонд ва дастони шахшӯли худро, ки бар асари тарбод ангуштонаш чангалук шуда буд, афшонда, аксар ҳангом норозиёна ғут-ғут мекард:
— Ҳусн чизи бекора аст, худо бахт диҳад.
Чунин менамуд, ки гӯё пиразан зебоию малоҳати набераашро намеписандад, балки чашми дидан надорад. Агар аз Занҷир ба ғурури ҳусн ва эҳсоси шаъну ифтихор монанд алфозе ё ҳаракате сар занад, кампир филфавр мешӯриду суханони сахт мегуфт, вале Занҷир дар ҷавоби инчунин тундӣ ба шӯхӣ механдиду мегуфт, ки ҳазл мекунад. Аммо ҳусни малеҳи ӯро эътибор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё