Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ёдам омад, ки чӣ гуна панҷ сол аз ин пеш, бори аввал аз деҳа ба шаҳр -- ба даргоҳи ин донишгоҳ омада будам... Ҳозира барин амаки Рамазон дар лаълӣ дуто нону як чойник чой оварда монанд, гуфта будам:
«Амак, ба ман якта нон бас». Он кас табассум карданду оҳиста ба наздам нишаста, ҳолҷўӣ намуданд, сонӣ фаҳмонданд: «...Шумо меҳмон, писарам, ба пеши меҳмон, одатан, якта нон намемонанд. Мехўрдагетона хўред, мондагеш меистад, нона намепартоем».
Ҳамин вақти сол буд. Ҳаво гарм, айни ҷўши саратон.
Ман бори аввал ба шаҳр омадагӣ. Аз чойхона баромада, дар оби фаввора даст шуста, киштибозии кўдаконро тамошо мекардам. Ногоҳ як ҳамдеҳаамонро дидам, ки аз он тарафи кўча шитобон мерафт. Аз қафояш давидам. Ҳамроҳи вай қариб ним рўз шаҳрро тамошо кардаму сонӣ чамадончаи дар дастам буда ба хотир расида, «воҳ!» гўён ба пешониам задам. Лаҳзае саргаранг мондам. Дар чамадонча номаи камол, паспорт, билети ҳарбӣ, пул ва дигар ҳуҷҷатҳоям буд.
Ҳамдеҳаамро дида, дар пеши фаввора фаромўш кардаам. Ман аз хурдӣ дар ҳаққи дуздону қаллобони шаҳр ҳикоятҳои зиёде шунида, алҳол ба ҳар як сокини шаҳр бо шубҳа менигаристам. Ҷавони аз дунё бехабар, ғайр аз деҳаю райони худ ҷои дигарро нодида...
Сонитар фаҳмидам, ки дуздону қаллобон чӣ қадар, ки дар шаҳр ҳастанд, дар деҳа ҳам будаанд. Фақат усули дуздиашон дигар хелтар. Мардуми асили шаҳр, ки пештар косибу ҳунарманд мегуфтанд, ҳозир коргару зиёӣ, аз деҳотиён гоҳе баинсофтараранд.
Ҳамон рўз говгум нашуда ба сари фаввора расидам.
Аз чамадонча ному нишон набуд. Аслан умедам набуд,

пешина
аз 538
навбатӣ