Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ин хел бадгумон нашавед, нағз не. Наход, ки дар ҳаққи ман барин як ҷавони дуб-дуруст ҳамин хел фикр кунед, – гуфтам ба ҳазл то ки буғзи гапҳои шабина аз байн бардошта шавад.
– Бадгумон... худатон, – гуфт вай хандида. – Боз ҷавони дуб-дуруст будаанд! – ба истеҳзо писханд кард вай.
– Не, ман ҷавони ганда не, – гуфтам ба ҳамон оҳанги ҳазл, бо ҷиддияти сохта. Панҷ сол дар гурўҳамон профорг будам. Хайрият, институтро тамом кардем, набошад, то ба нафақа баромадан бачаҳо аз ман қарздор буданд. Се-чортоаш ҳоло ҳам қарздор, ҳаққи аъзогиро надода гурехтанд.
– Хайр, чӣ гуфтаниед бо ин гапатон?
Аз афташ, вай ҳазлро нафаҳмид, зеро чунон ҷиддӣ пурсид, ки ман лаҳзае чӣ ҷавоб доданамро надониста, даступо хўрдам, лекин шухиамро давом додам:
– Яъне, гуфтаниам, ки ман одами дуруст, ҳатто як дараҷа одами давлатӣ.
– Одами давлат бошед, ман дар кати шумо хоб мекардам?! – ба истеҳзо хандид вай.
– Ман ба хонаи дигар рафиқон рафта хоб карданӣ будам. Сониян, хўш, ба кати ман чӣ шудааст? Аз духтур гузаштагӣ. Ҷойпўшҳоро иваз карда будам. Ба ғайр аз ин, ҳаво гарм, бистар даркор не. Як паҳлу мезанеду бедор мешавед, ки рўз.
Вай гап назада ба китобаш нигариста монду баъд аз қадре гуфт:
– Э, равед, мудира ёфта бед. Дар ин гуфта ҳам шўхӣ, ҳам узру дилбардорӣ ва ҳам нози дилбарона буд. Агар гулдаста бандеду гулҳоятон якранг бошад, як дона гули

пешина
аз 538
навбатӣ