Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Барои ҳамин ҳам ҳангоми ба кўҳ баромадан ё аз кўҳ фуромадан аз якдигар дур намемонанд. Санге аз таги пои одами дар боло буда ғелад, то панҷ-шаш метр безарар, аммо сонӣ фалокати азим аст.
Баъди аз як зови начандон баланд паридан ман бо ҳезуми худ ба танаи як бодоми пир дармонда аз ҳалокат наҷот ёфтам. Чанд ҷоям зарбу лат хўрда, пои ростам аз ду ҷояш шикаста буд, ки усто Насруллои шикастабанд онро андохта баст. Дадаам мумиё хўронданду зуд сиҳат ёфта будам. Дарахти бодом маро аз ҳалокат наҷот дод, аммо дар ивази некиаш, ҳанўз коре накардаам, қарздорам.
...Мо чор нафар бемор дар як хона будем, муаллими нафақахўр Ҷаводзода, Оқилов ном марди миёнсол ва як ҷавони дастшикаста, ки Ҳусейн ном дошт. Ҳусейнро, асосан, шаб, пеш аз хоб дар палата медидеду бас. Ҳар рўз ҳамшираҳо дар суроғи вай овора буданд. Ана, ҳозир ҳам Ина дар берун фамилияи вайро гирифта, фарьёд мекунад.
– Даст ба гардан ҳамел ин қадар аз пушти духтарон давида номаъқул мекунӣ! – Ҷаводзода ғур-ғуркунон омада, ба курсӣ нишастанд.
– Дасташ соз нашуда, ин бача пояшро мешиканад!
Ҳоло мебинед. Ана, ман гуфтам, шумо шунидед, – ҳукм кард Оқилов, ки фамилияи худро ҳамеша «Акилов» гўён ғаши маро меовард.
«Бетамиз, – мегуфтам дар дил бо асабоният, – наход, ки «Оқилов» будани фамилияашро надонад!»
– Ҳамин хел шабу рўз давидан гирад, гарданаша ҳам мешиканад, – муаллим аз рўзнома сар набардошта,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо