Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Гўед, ин фоида дорад, ман ба ҳамин нигоҳ карда, кор мекунам, ҳаракат менамоям, ки дилпур шаванд». Рухсора узромез ба рўи ман нигариста, табассум кард, сонӣ ман боз ба исрор талаб кардаму гуфт: «Хайр, чӣ ҳам мегуфтанд... худаш танҳо, бекас, на хонаю ҷояш дар ин ҷо, на падару модараш... Зери боми осмон зиндагӣ карда намешавад-ку, гуфтанд... Э, гапи бисёр мезананд ҳамааша чинда мегардам-чӣ?!»
Ҳамаи ин гуфтугузори ғайритабииро ҷиддӣ дарк карда наметавонам. Ҳамаи ин гапҳои сохта, мазоҳу бутафория маро ҳайрон мекарданд, ақида ва принсипҳои касро зеру забар сохтанӣ мешуданд. Агар дар миён Рухсора намебуд, ман дар олам хотири ҳеҷ чизи дигар бо ин хел мардум сарукордор намегаштам.
Рухсора бо рўи хотир ва мулоҳизакории худ дасту пои маро бастааст. Бар замми ҳамаи ин гапҳо, худаш ҳам дили маро пайваста харош медод, ҳар замон хотирамро парешон мекард. Баъзан ўро шинохта намешавад, монанди ҳавои баҳор ҳар нафас дигар мешавад. Агар имрўз бо ман меҳрубон, ҳамчун бо дўстдори худ боназокат муомила кунад, рўзи дигар бесабаб аз ман рамида мегузашт. Чунон вонамуд мекард, ки маро дуруст намешиносад.
Чанд рўз боз дар дилам гиреҳ карда гаштаам, ки ўро ба мулоқот, ба ягон ҷои аз назари шиносҳо дуртар таклиф карда, батафсил гапзанон кунам. Аммо вай пагоҳу фардо гуфта, чап дода мегардад.
Оқибат, як шаби истироҳат мо дар хараки зери чинори калон нишаста, қариб ду соат гапзанон кардем.
Шоху барги чинори солдида, ки ба осмон панҷа мезад, моро ба монанди чатри бузурге паноҳгоҳ гашта буд. Аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор