Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

кӯфтан даркор аст. Ана, ман аз номи ту ҳамаашро
навиштам, ту хону имзо кун, ба ҷои даркорӣ мерасонем.
— Чӣ навистед? — Занҷир дардолудона заҳрханде
карду надоматомез ба чашми Сайфӣ-муаллим нигарист.
— Хайр, ҳамон воқеаи туро...
— Хуб, аз дасти ман дошту ин тӯҳфаро бигир, гуфт.
Ҳамин ҳам гап шуд? Ё ин кор ҷиноят аст? — Занҷир
бепарво ба чашми муаллим нигарист. Сипас аз малолат
оҳе кашиду гуфт: — Кори дуньёро мо хеле саҳл мегирем,
муаллим. — Ӯ «мо» гӯён аҳли деҳаро дар назар дошт. —
Барои бо Бадалбек баринҳо мубориза кардан донотар
будан лозим, чуқуртар андешидан даркор аст. Аз дасти
ман доштаст! Худатон бигӯед, ҳамин ҳам гап аст?!
Сайфӣ-муаллим лаҳзае дасту по хӯрд, чӣ гуфтанашро
надониста дасташро ба даст суда, заҳрогин тамасхур
карду сипас гуфт:
— Агар гап набошад, барои чӣ аз деҳа саргурез
шудӣ?
— Ман аз кори ӯ не, агар дуруст андешед, аз боиси
гапи мардум гурехтам. Дар шаҳр агар гӯям, ки мудири
ферма дастамро дошту қаҳр карда омадам, одамони ин
ҷо маро ахмақ гӯён механданд... Эҳ, муаллим, муаллим...
Аз шаҳр баробари латтаю патта як-ду даста китоб ҳам
харид кунед.
— Ваҳ!.. Чор рӯз дар шаҳр гашта, ту китобхон шудию
мо — нодон?! — заҳрогин тамасхур намуд муаллим. Вай
аз ғазаб лаблабу барин сурх гашта буд.
Занҷир ҷавоб надод.
Онҳо хеле вақт дар сукут буданд. Сонӣ Сайфӣмуаллим ба соати дасташ нигаристу сар бардошта гуфт:

пешина
аз 538
навбатӣ