Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
сўи он теппаҳо бо ҳасрат менигаристам, хаёлам ба кимкуҷоҳо рафт.
Донишҷўёни курси сеюм бераҳбар монданду маро ба сари онҳо фиристоданӣ шуданд, аммо баҳонаҳои бетаъин пеш оварда, рад кардам. Дар дилам гуфтам, ки агар ба гурўҳи Рухсораино фиристанд, кўр шавам, меравам. Ўро бениҳоят ёд карда будам.
Ин гуна имконият фақат дар охири мавсими пахтачинӣ даст доду маро ба муддати се-чор рўз ба сари курсҳои якум фиристоданд. Барои дидорбинӣ ҳамин басанда. Аммо баъди чор рўз Исрофилзода аз шаҳр баргашта маро иҷозати баргашта омадан надоду дар ҳамон ҷо ҳамчун табелчӣ мононда гуфт, ки ҳисобу китоби пахтаи чидаи донишҷўёнро ба тартиб оварда, ҳаққи онҳоро аз колхоз рўёнда диҳам. Кай боз ҳисобу китобашон чигил гашта, донишҷўён пулашонро нагирифта будаанд.
Исрофилзода бештар вақташро дар штаби факултет, дар давраи калонон мегузаронд. Дар ин ҷоҳо аз раиси колхоз сар карда, то агроному саркорҳо – аксар бо ў шинос буданд, хеле иззату икром мекарданд. Мудом кас мефиристоданд, ба тўю меҳмонӣ мебурданд. Аз калонони колхоз ҳар касе ба бригада ояд, ўро мепурсад, аммо бечора Ҷўразода омада, як ҳафта истода рафтанд, ҳеҷ кас нагуфт, ки ту кистӣ?! Саркор як асп ёфта надод, ки ба штаб савор рафта оянд. Ду бор пиёда рафта омаданд.
Ман ҳисобу китоби пахтаи чидаи донишҷўёнро дуруст карда, аз колхоз пулашонро оварда додаму як ҳафта ҷавоб гирифта, ба деҳа рафтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор