Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Рўз торик шуд. Аз раҳпоӣ тори чашмонам канда шуду ба хона даромада, чизу чораи парешони дадаам ва амакамро ба тартиб овардам. Сипас як чойник чойи кабуд дам карда, бо дасторхон печонда мемондам, ки онҳо пасопеш «ассалому алайкум», гўён аз дар даромаданд. Аз табассум даҳони ҳар дуяшон ҳам ба гўш мерасид. Ман аз авзоашон барори корро пай бурда бошам ҳам, саволомез ба амакам нигаристам.
– Кор пухт, додарам! Хотирҷамъ бош, – гуфтанд он кас сару либосашонро кашидаравон.
Падарам ҷомаю маҳсиашонро кашида, дар диван паҳлӯ заданду гуфтанд:
– Марди хушфеъли яклухт барин. Он кас падари Рухсораро дар назар доштанд. Мамнун табассум кардани дадаам маро хурсанд кард. Барои ман розигии падару модар, хурсандии онҳо мукофоти баланд аст.
Аммо ҳоло хурсанд шуданамро ҳам намедонистам, хурсанд нашуданаро ҳам. Ким-чӣ хел бовариам намеомад. Ҳеҷ намефаҳмам ба ман чӣ гап шуд, бо умед хостгор фиристодам, онҳо мушкиламро ҳал карда омаданд, аммо дили ман ғаш. Ба назари ман чунин менамояд, ки ин савдо ба ин осонӣ набояд ҳал шавад.
Хислатҳои аҷибе дорад одамизод! Боз кӣ медонад, баъзан дили кас ҳам гувоҳӣ медиҳад.
Онҳо аз тафсилоти гуфтугузорашон хеле ҳикоя карданду сипас амакам ба ман рў оварда гуфтанд:
– Қарор ҳамин шуд, додарам, ба пешамон шарт монданд. Аввало, аз шаҳр ҳавлӣ мехарӣ. Ба ин хонаҳои қабат ба қабатат зан намедодаанд. Хўш, ки бошад, сонӣ мўҳру васиқа карда, навишта медодаӣ, ки аз шаҳр кўчида ба қишлоқат намеравӣ. Ҳавлӣ ба номи занат

пешина
аз 538
навбатӣ