Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

хархаша карданӣ мешудам. Як замон чашм кушоям, муовини декан дар рў ба рўям истода, бо тамасхур, балки бо ғазаб ким-чиҳо мегўяд. Ҳаминаш дар хотирам мондааст, ки мақол мегуфт, аз қабили устод чӣ гуна шогирд намуна ё ба ҳамин монанд.
Сонитар ба ман ҳикоят карданд, ки ба вай хеле суханони пасту баланд гуфтаам, шикамсерон, гўён дашном додаам.

Фардояш дер аз хоб бедор шудам. Рўз чоштгоҳ шудааст. Атроф сокит, бачаҳо ба саҳро рафтаанд.
Исрофилзода ҳам наменамуд. Агар ин лаҳза вай рў ба рў шавад ҳам, ба рўяш туф намекардаму, аммо як-ду даҳан мегуфтагиамро гуфта мегирифтам. Не, гуноҳи вай не... Ман худам гоҷ... Эҳ... ҳамон рўз ҳодисаи шабонаро ба ёд оварда, қариб буд, ки девона шавам. Одамизод тар аст, дуд мекунаду намесўзад. Аз кирдори худ чунон алам мекашидам, ки чӣ кор карданамро намедонистам. Ба ман ҳолате рўй дод, ки беихтиёр ба мехи чароғовези болор нигариста мондам. Арғамчин ҳам ёфт мешавад...
Ман аз ҳастии худ, аз одамони наздик, аз ҳама чизи дунё нафрат карда, худро радди маърака, ба ҳеҷ кас нодаркор, муҷиби ҳар гуна тамасхур мешумурдам.
Марги ман боиси тамасхур мешаваду бас. Номус гиребонгири ман буд.
Баъд дар бораи Рухсора фикр кардам. Ба вай нағз намешавад, баръакс, болои сўхта намакоб мепошам.
Агар ман худро ягон кор кунам, боз валвала мехезад.
Мегўянд, ки дар ишқи ҳамин духтар худро ҳалок кард.
Вай дигар ба ҳеҷ кас аз бинӣ боло гап зада наметавонад. Ҳама маломаташ мекунанд, ки аз барои ту

пешина
аз 538
навбатӣ