Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
шумдидор ҷавоне худро ба куштан дод. Аҷаб не, ҳама аз вай ҳазар кунанд... Балки баръакс... «Духтаре, ки фалонӣ дар ишқаш сўхта, худро овехт, ҳамин аст», гўён ҳар як ҷавон ба вай хушдору талабгор шавад?.. Марги ман барои Рухсора шикасти калон мешавад, беадолатӣ, берамӣ... Не, ин хел номардона мурдан намехоҳам...
Охир ману вай сарфи назар аз монеаҳо, ноумедиҳо якдигарро дўст медорем. Беҳтарин ва хушнудтарин лаҳзаҳои умри ман ҳамон аст, ки бо вай будам... Ба ҷуз вай, балки ҳеҷ кас баъд аз вафот дар шаҳр аз буду набуди ман ёд намекунад. Ҳа, ҳеҷ кас ёд намекунад...
Не, Инобат-чӣ? Инобатро ба ёд овардаму рўҳам боз қадре кушода шуд. Чӣ хел духтари ҳалиму меҳрубон, дўсти беғараз ва дилсўз... Не, барои наҷоти худам падару модари пирамро сўзондан, Рухсораи меҳрубонро ноком карданам ноодамӣ аст...
Садои ғурриши мотори мошин маро аз ин андешаҳои ғамангез ба худ овард. Аз тиреза нигаристам, ки мошине пахта бор карда, аз тарафи хирман меояд. «Ба пункт пахта мебарад», аз дилам гузашт. Тозон ба сари роҳ баромадаму мошинро нигоҳ доштам. Баъд ба хона омада, чизу чораамро баста, ба даст гирифтаму ба кабинаи мошин нишастам. Баромада рафтани маро ҳеҷ кас надид.
Дар роҳ саркор мошинро нигоҳ дошту ба ронанда таъин кард, ки боз як бор ояд. Ба ман дар аввал эътиное накарду баъд дар омади гап, ба тариқи тасаллӣ гуфт:
- Парво накунед, муаллим... дар ҷавонӣ мешавад...
Албатта, нағз нашуд. Домуллотона ҳам нафаҳмидам.
Ман ҳеҷ чиз нагуфтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор