Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Балки онгоҳ ба ман осонтар мешуд. Аз муҳокимаи рафтори ношоистаи худ наметарсам. Ман аз ҷазо наметарсам, аз маломати дўстон, аз заҳрханди баъзе нокасон аз он ки дар ин миён Рухсора ҳаст ва дар маҷлис номи ўро мегиранд, метарсам... Кошки, ҳамон рўзи мастиам Рухсора пайдо намешуд! Ҳеҷ намехоҳам, ки номи вай ба миён афтад!..
Аз хона баромадему Манучеҳр аз паи кораш рафт.
Ман чӣ кор карданамро, ба куҷо рафтанамро аниқ намедонистам, бинобар он давр задаму ба хобгоҳ баргаштам. Дар роҳ ғарқи фикру хаёлҳои беохир ба роҳгузарон ҳам эътибор накарда меомадам. Ногоҳ садои Рухсора монанди барқ сар то поямро ба ларза оварду сар бардоштам, ки вай дар он тарафи роҳи мошингард, ба ман нигариста табассум мекунад. Агар ҷеғ назанад, гузашта мерафтаам. Вай ғолибан аз хобгоҳи ман меомад. Аз дилам гузашт, ки духтари бечора аз бозе, ки бо ман шинос шудааст, ба ҷуз ғаму ташвиш, таънаю маломат, чӣ ёфт? Вай метавонист ягон ҷавони кордону хуштолеъро дўстдошта, умрашро ба қавли мўйсафедон, як гуфтаю ду хандида гузаронад...
Аммо он ҷавони муросоҷўи хуштолеъ ўро ман барин дўст медошт магар? Боз худро таскин додам, ки ҳанўз умри мо дар пеш, ҳама кор дар пеш аст.
Вай аз табассум, гул-гул шукуфта бо ман вохўрӣ кард. Ўро дида якбора дилам кушода шуд. Рухсора маро пазмон шудаст. То имрўз вай пазмон шуданашро ягон бор ба ман ошкор накарда буд. Нигоҳаш сар то пои маро гўё сила карда мегузашт, машомаш ҳастии маро бўиданӣ, хандааш қаъри дили маро равшан карда,

пешина
аз 538
навбатӣ