Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
гуфтаанд. Наход, ки ҳамин як зарра ногуворӣ туро аз мувозинат барорад?! Гурехтан осон, ариза менависию рафтан мегирӣ, чор тарафат қибла. Аммо ин кори мард не. Агар худатро қадр накунӣ ҳам, Рухсораро фикр кун... Офарин ба вай. Бо ҳамин қадар маломат, тазъиқи падару модар як гапашро ду накард. Ана, ин кори вай ҷасорат аст. Агар равӣ, нисбат ба вай кори нағз намешавад.
Дар дилам гуфтам, ки насиҳат кардан осон, ба ҷои ман худат мебудӣ, сонӣ мефаҳмидӣ. Аммо Манучеҳр баринҳо ба вазъияте, ки ман афтодам, ҳаргиз намеафтанд. Барои чӣ намеафтанд, гуфта наметавонам, аммо намеафтанд, инаш аниқ, ба ман бовар кунед.
– Ба ҳар ҳол, як бор аз назди ректор мегузарам.
– Чӣ мегўӣ? Чӣ мехоҳӣ аз ректор? Ҳеҷ чиз... Ҳамту...
Маслиҳат мепурсам. Он кас аз ҳамаи ин воқеаҳо хабардор. То ҳамаашро гуфта, диламро холӣ накунам, дигар кор карда наметавонам.
– Хайр, ихтиёрат... Лекин калимаи «меравам» – ро ба забон нагир. Агар туро аз кор ронанд ҳам, бояд илоҷашро ёбию наравӣ. Вагарна ҳамаи ин ишқу муҳаббат дурӯғ будааст. Хайр, хато кардӣ ислоҳ менамоянд. Пасфардо маҷлис, ба ман таъин карданд, ки туро бохабар кунам. Вазнин шав, санги вазнинро об намебарад. Агар вазнин шавӣ, ҳамааш мегузарад. Ба кайк ситеза карда кўрпаро сўзӣ, сўхтан мегирӣ.
Ана, гап дар куҷо будааст. Пеш аз маҷлис ба ман матонат бахшиданӣ. Эй, Манучеҳр, Манучеҳр! Агар ман ба ҷои ту мебудам, барои ин хел гуноҳи дўстам, насиҳатгўӣ намекардам. Ду-се сухани ҷонсўз мегуфтам.
Гоҷ, аҳмақ бодии каллаварам, мегуфтам. Мегуфтам, ки Рухсора ба ту ҳайф, ба як тори мўи вай намеарзӣ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор