Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар тўли ин чор-панҷ моҳи охир қомати вай расотар шудааст ё лоғар гаштаасту дар назар қадбаланд менамояд.
Аз Рухсора ҷудо шуда, ҳамон рўз баъди пешин ба кор рафтам.

Соат наздик ба шаш буд. Мо аз маҷлиси комсомолӣ баромадем. Аз дар берун шудему яктогӣ сигор даргиронда, хомўш ба роҳ афтодем. Аз ваҷҳи ҷазогирии ман Манучеҳр ҳам нохуш, худро гунаҳгор барин мешумурд. Ман вазъияти ўро ҳис мекунам, имкони сафед кардани ман набуд, гуноҳам таъин, пеш аз ин ҳам дар шумораи комсомолони намуна ва фаъол набудам.
Аммо вай гунаҳгор барин ба рўи ман нигоҳ намекард, агар ман ба рўи вай нигоҳ кардани шавам, нигоҳашро мегурезонд. Маҷлис - маҷлис аст. Алалхусус маҷлисе, ки дар он гуноҳи одамро муҳокима мекунанд, як навъ суди рафиқона аст. Суд эҳсосоти шахсро, таъсири шароити гуногун, муносибатҳо, ақида ва афкори касро ба инобат намегирад.
Дастҳо ба киса, сарамонро аз гиребони палто ба дарун кашида хомўш мерафтем. Осмон соф бошад ҳам, ҳаво хунук, замин ях кардагӣ. Шаби дарози зимистон аллакай ба шаҳр доман паҳн карда, чароғҳо ва лавҳаҳои электрикӣ дар ҳавои ғуборолуд хира метофтанд.
Таассуроти вазнин ва ногувори муҳокима, ҷазогирии ман ба ҳар ду ҳам маҷоли сухан гуфтан намедод.
Манучеҳр нағз медонист, ки ба ман тасаллӣ додан

пешина
аз 538
навбатӣ