Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
баробари дашном додан аст. Тасаллӣ ва тасаллибахшро хуш намекунам.
Пештар тахмин карда бошам, акнун боварӣ пайдо намудам, ки ба комёбиҳои нахустин ва фазлу дониши нокирои худ ғарра шуда, дўстону ҳамкоронро ранҷондаам. Ба ҳар ҳол онҳо аксар кию чӣ будани маро аниқ надонанд ҳам, аз ғайбат, аз гапу калочаи ину он дар хусуси ман ақидаашон чандон нағз набудааст.
Баъзан бо беэътиноӣ, баъзан бо қатъияти якравона ва худдонамӣ баъзеҳоро лат дода бошам, онҳо ҳам чун саргине, ки як дег ошро ҳаром мекунад, кори худро кардаанд. Ғайр аз ду-се нафар касе напурсид, ки гуноҳи ман чист?
– Ҷои мулоҳиза не, гап заданат даркор буд, – риштаи хаёламро бурид Манучеҳр. – Нина дуруст гуфт, тақдират ҳал мешаваду ту бошӣ ба даҳанат об гирифта шиштӣ.
Ман ба ҷои ҷавоб додан сарамро бештар ба даруни гиребони палто кашидаму қадамамро тез кардам. Ҳаёти ман вақтҳои охир аз силсилаи нокомиҳо иборат гашта, рости гап, баъзан барои ин нобарориҳо киро гунаҳгор карданамро намедонистам. Наход, ки як умр номуросои бебарор монам? Албатта бо дурўғ, бо сохтакориҳо носозгорӣ ҳам кайфияте дорад, аммо ман як умр дар шиканҷаи бебарорӣ зиндагӣ кардан намехоҳам. Чӣ бояд кард? Баъзан ҳам аз худам, ҳам аз атрофиёнам безор мешудам. Ана, ҳамин тариқ, принципҳои зиндагиро, ки аслан дар ин боб ҳеҷ чизро намедонистам, таҳлил ва таҳқиқ карданӣ мешудам. Чаро ман, донишҷўи аълохон, пурсабр дар байни ҳамкурсон баобрўй якбора ба кор ношоям шудам?! Кошкӣ, ман он вақт ба ин савол ҷавоби аниқ ва саҳеҳ медоштам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор