Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ташаккур, муаллим... То зиндаам некиатон аз ёд намеравад, – гуфтам ман аз замин чашм набардошта, бо каме хиҷолат.
– Барои ин кор то охирин қатрааш нўшидан даркор, – Манучеҳр ин гапро бо овози баланд гуфту диққати духтарон ба сўи мо ҷалб шуд. Вай шишаро гирифта ба қадаҳҳо шароб рехт. Лаҳзае хомўш мондем. Ҳар яке ҳис мекард, ки дар ин хел маврид ҳеҷ як сухан туғёни дилро ифода карда наметавонад.
Баъди таом шеърхонӣ, рақсу суруд сар шуд. Ҳар яке ҳунари худро нишон медод. Ҷаводзода шеърҳои латиф мехонданд. Ҳоло ба ман шеърҳои солҳо боз медонистагиам фавқулодда таъсири зўр мерасонданд.
Махсусан, ин рубоии Хайёмро муаллим пуртаъсир хонданд:
Ёрон, чу ба иттифоқ меод кунед, Худро ба ҷамоли якдигар шод кунед.
Соқӣ чу маи муғона бар каф гирад, Бечора маро ҳам ба дуо ёд кунед.
Сипас Манучеҳр рубоб хосту асбобро ба дасташ дода буданд, суруде сар кард, ки нақароти онро ҳама баробар такрор кардем:
Нимишабон субҳро майли дамидан диҳам...
Ин шаб аз шабҳои такрорношудании ҳаёти ман буд.
Бори аввал ман суруди Рухсораро гўш кардам. Баъди таронаҳои Манучеҳр муаллим рубобро ба вай дода, хоҳиш карданд, ки ягон чиз хонад. Ман хомўш табассум мекардам, аз ҳунараш сирф бехабар будам.
– Як бор «Муноҷот»-а зан, – хоҳиш карданд он кас.
Сонӣ ба мо рў оварда гуфтанд: – Ҳар бор биёд, як раҳ «Муноҷот»-а навоз мегўям.

пешина
аз 538
навбатӣ