Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Рухсора сараввал аз шарм ё изтироб каме ноўҳдабароёна навохтагӣ барин намуд, аммо то рафт ҷуръат гирифта, ангуштони нозукаш рўи пардаҳои рубоб ба рақс даромад. Рости гап, ман мафтуни рубобнавозии вай гашта, ба савти изтиробангези он кам диққат кардам. Баъд бо талаби муаллим суруд сар кард.
Ба гўш овозаш аввал маҳину ноҷур шунида шуд. Ҳатто каме гирифтагӣ барин буд. Лаҳзае нагузашта савти гуворо ва лаҳни дилнишини вай ҳамаи моро ба худ ҷазб кард.
Вай менавохту месуруд, овозаш гоҳ баланду гоҳ паст мешуд, аммо пайваста ба нотаҳои баланд бозмегашт, хомўш мемонд ва боз баргашта ба авҷи аввала мерасид.
Аз як банд ба банди дигар гардишҳои диловез дошт, ки бароят дилрас ва табиӣ мебаромаданд. Агар дар ин маҳфил мусиқишиносе мебуд, аз ин сопранои лирикии дилкаш, табиӣ ва носуфта ангушти ҳайрат мегазид.
Суханони вай аз мағзи дилу ҷон берун меомаданд:
Ду-се рўзест бўи гул наомад-е, Садои хониши булбул наомад, Равед аз боғбони гул бипурсед, Чаро булбул ба сайри гул наомад-е?
Ин таронаро ман борҳо аз ҳофизони касбӣ шунида будам, аммо Рухсора онро дигаргуна, бо як оҳанги махсуси худаш ёфта, афсункорона мехонд. Ҳавояш қадре вазнин, бо лаҳни дарднок, гўё худ ба худ ҳасрат мекарда бошад, дилу ҷонро гудоз дода, тараннум мекард:
Гаҳе дар дил, гаҳе дар дида бошӣ, Диламро хун куну ёр, зинда бошӣ.

пешина
аз 538
навбатӣ