Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
деҳа, гоҳ дар бағали кўҳҳои обшор сайр мекардам. Дар суруди вай ҳам ҳусну нафосати табиат, ҳам орзуҳои ҷавонӣ, ҳам дард ва ҳам шодмонӣ буд. Ҳар як сухани тарона чунон бо дард ларзида, аз дили духтар берун меомад, ки вуҷуди кас зир-зир мекард. Беҳуда намегўянд, ки духтар синаи меҳр аст. Одами беғам ва бедард ҳаргиз ин хел суруда наметавонад... Ман дар домани ҳамин гуна изтиробҳо мисли афсунзадае, ё сурати деворе шах шуда будам. Ҳама чашму гўш ба вай, аммо ў ба ҳеҷ кас нанигариста, гўё худ ба худ роз мегуфта бошад, мехонд:
Биё дар оташи ғамҳо бисўзем, Даруни ашки мотамҳо бисўзем, Биё по бар сари дунё гузорем, Миёни чашми одамҳо бисўзем.
Суруди ўро гўш мекардаму хаёлам дар ким-куҷоҳо парвоз дошт. Ин таронаҳо маро ба олами орзую армонҳои наврасиам мебурд... Дашти Баҳори-кор, шабҳои хирманкўбӣ, моҳи дуҳафтаи тамоме, ки аз қафои хирманҳо мебаромад, аз пеши назарам мегузаштанд. Аспҳои хирманкўб хастаҳолона якта-якта пой мепартофтанд, маро дар болои зин хоб мебурд. Аз дуродур суруди даравгардухтарон ба гўш мерасид...
Санъат ва адабиёт дар дили одам як навъ чашмаи меҳру шафоат мекушояд, ўро аз дуруштию дилсахтӣ, норостӣ ва бешармӣ дур мекунад, ҳассостарин торҳои нозук ва наҷиби вуҷуди одамиро ба ҷунбиш меоварад.
Ҳамон шаб дар хонаи Ҷаводзода қариб то соати дувоздаҳ нишастем. Бо таклифи муаллим ва исрори духтарашон Рухсора дар хонаи онҳо хоб карданӣ шуд.
Мо Инобатро гусел кардему пиёда ба сўи хобгоҳ меомадем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор