Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳама хомўш, саропо гўшу ҳуш гашта будем. Аз дилам гузашт, ки дар байни мардуми мо чӣ қадар соҳибҳунарони бисёр ҳастанд, аммо ба монанди Рухсора ба ғайр аз наздиконашон каси дигар аз ҳунари онҳо хабар надорад. Баъзе боҷуръаташон ба саҳна набароянд, дигар ҳама хомўш мегарданд.
Рухсора сурудашро поён кард. Суханони таҳсин ва дархостҳои самимӣ баланд шуданд:
– Офарин! Кам нашав!
– Ғам набинед! Ҷуфт шавад!
Вай шармида, рўяшро бо дастонаш пўшид. Гўё тамоми ҳастиаш даргирифту шўълаи ин оташ аз байни ангуштонаш забона мезад. Баъд рангаш канд, дасташро аз рўяш фуроварда, хиҷолаткашон табассум кард, гўё дар сари шавқ сухани густохонае гуфта бошад, чашмонаш узр мегуфтанд. Ҷаводзода мамнун ба рўи вай нигаристанд:
– Рубоби ман додагӣ дар деҳа ё дар ҳамин ҷо?
– Дар деҳа, наовардаам.
– Ин Рухсора аз хурдиаш ҳамаро қоил мекард.
Муаллимон зорӣ мекарданд, ки дар консерти ҳаваскорони мактаб суруд хонад, не, аз саҳна метарсад.
– Аз саҳна нею аз гапи мардум метарсидагистанд? – гуфт Манучеҳр.
– Ҳа, баъзе одати ганда дорем, – гуфтанд муаллим.
Рухсора рубобро ба Манучеҳр дароз кард, аммо ҳама бо як овоз аз ў хоҳиш карданд, ки боз ягон чиз хонад. Ба ман чунин намуд, ки дар синаи вай мавҷи суруд талотум мекунаду роҳи берун шуданро меҷўяд. Аз суруди вай дилҳои мо бо фараҳ ва эҳсосоти ширину гуворо лабрез мегашт. Вай месуруду ман хаёлан гоҳ дар марғзорони

пешина
аз 538
навбатӣ