Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

акнун Ғиёс хотирҷамъ буд. Солҳои охир ӯ билкулл аз ҳаддаш гузашта буд ва аксар ба бисьёр бачаҳо тааддӣ мекард, нописандию калонгириҳои ӯро одат карда буданд магар, касе ба вай эътироз надошт.
— Хайр, бигӯ, семинарро тайёр кардӣ? — ба сари Ғиёс чӣ андешае расиду мавзӯи суханро дигар кард.
— А? Тайёр кардӣ?.. Аз ту мепурсам?
— Чӣ кор дорӣ, Ғиёс? Тайёр кардам ё накардам, ба ту чӣ? Аз кори худ ба ту ҳисоб додани ман зарур набудагист? — Оқибат Ғаюр дилгир гашту сарашро аз китоб бардошта ба вай рӯ овард. Баъд заҳрханде намуду илова кард: — Баъзе занҳо аз шавҳар ҳамин хел ҳисобот мепурсанд...
— Дафтаратро те, як бор аз ту ҳам бардорем, — гуфт Ғиёс ин бор гунаҳгорона бо овози нарм. Аз сухани Ғаюр дар назди ҳамхонаҳо хиҷил мондани вай аён буд.
— Чанд бор ба ту гӯям... — Ғаюр суханро зиёда дароз кардан нахосту баъди лаҳзае таваққуф гуфт:
— Дафтари ман дар каллаам, ман бо асои дигарон раҳ намеравам.
— Э, каллаат дар гӯр.
Ҳозирон баробар хандиданд. Ин хандаи онҳо аз қабили он хандаҳое буд, ки матлабро аз ҳар сухане равшантар ифода мекунад, яъне, санги маломат ба сари Ғаюр мезад.
Ғаюр конспект наменавишт: аз лекцияи муаллимон, аз китобҳо, мухтасар баъзе далелу санад, иқтибос аз гуфтаҳои бузургони илму ҳунар ва ё рақамҳоро қайд мекарду бас. Он навиштаҳоро фақат худаш мехонду мефаҳмид.

пешина
аз 538
навбатӣ