Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Аксари ҳамхонаҳо, балки ҳамаашон инро медонистанд, аммо донанд ҳам, азбаски ин кори вай миёни донишҷӯёни он айём маъмул набуд, ба онҳо хуш намеомад, бинобар он, мавриде ёфта аз ин ваҷҳ ба вай неш задан мехостанд.
— Худписандӣ далели нодонист! — гуфт Ҳайдар заҳрханда карда. — Дафтарашон дар каллаашон будаст! Ҳиъ... Ҳамин ҳам одам аст, ки аз вай ёрӣ мепурсӣ?! — гуфт вай хитобан ба Ғиёс. — Бо асои дигарон раҳ намерафтаст!.. Агар мурӣ, ягон кас ба лабат об мечакконад? Ҳай, гумон аст... Аввал ту ҳам ба ҳамдастию бародарӣ сазовор бишав, сонӣ таъна кун.
— Нодон кӣ, ноодам кӣ — ҳамааш маълум мешавад, сабр кун, Ҳайдар! Саъдӣ гуфтааст:
«Зарандудагонро ба оташ баранд, падид ояд он гаҳ, ки мис ё заранд». Ба ин баҳоҳоят бисьёр ғарра нашав — гуфт дар ҷавоб Ғаюр ва тамоми заҳру аламашро бо ин суханон ифода кард. — Илму ҳунарро фирефта намешавад, ба пул ҳам харида наметавонӣ.
— Э, бас кун, бодӣ! Ту ҳам одамӣ? Махавӣ ту!..
Ҳамроҳи ту аз ҳавои ин хона нафас гирифтан ҳам гуноҳ аст! — Баъд хитобан ба ҳамнишинонаш илова кард: — Демократияи Советӣ аз ҳад зиёд инсонпарварӣ мекунад... Баъзан ҳайрон мешавӣ...
Ин куҷою даргоҳи ҳамин хел донишгоҳ куҷо?!
Дар таҳи ин суханони ӯ сухан буд, вай ба гузаштаи Ғаюр ишора мекард ва медонист, ки бо ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор