Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аммо сонитар, ҳар боре, ки ба сараш мушкиле афтаду бебарорие пеш ояд, беихтиёр гӯё шӯълаи сарди он ситораи думдор аз пеши чашмонаш мегузашт.
Солҳои таҳсили илмаш дар мактаби деҳа ӯ бештар ба кору бори рӯзгор ва колхоз пайваста буд.
Ҳафтсола буд, бобояш ба хар пору бор карда медоданду вай ба замини рӯидарича рехта меомад.
Дар синфи чорум таҳсил дошт, ёдаш меояд, боре шаш бузеро, ки доштанд, чӯпон нагирифт, чӣ аламе гузашта будаст, ҳоло ёд надорад, Ғаюр маҷбур якчанд рӯз молҳоро худаш ба чарогоҳ бурд. Боре чоштгоҳӣ се тан аз ҳамсинфонаш назди ӯ ба чарогоҳ омада хабар доданд ки дигар ба мактаб наравад, таътил сар шудааст. Сонӣ, солҳое, ки дар синфи шашуму ҳафтум таҳсили илм дошт, ҳамроҳи бобояш ба ёнадои кӯҳ ҷуфтронӣ рафт. Ғаюр аз хурдӣ ба ҷои модари дардмандаш аксар айём дар кори колхоз ширкат дошт, иҷрои корҳои сабукро ба ӯ вазифа мекарданд. Ӯ барзаговҳоро ятак мекарду бобояш ҷуфт меронданд. Аз саҳар то шом замин ҷуфт мекарданду сонӣ Ғаюр бо азобе дар сари зини хар нишаста ба хона мерасид. Чанд бор хобаш бурда, аз сари зин ба замин афтода буд.
Мамлакат захмҳои ҷангро даво мекард. Қатори калонсолон наврасон ҳам дар ғаллазору пахтазорон кор мекарданд, ба дарави ғалла мебаромаданд, дастьёри хирманкӯб, обкашон, дарзағундор — хуллас дар ҳама кору бори колхоз ҳамроҳ буданд.

пешина
аз 538
навбатӣ