Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Калонсолон дар сари ҳар сухан ба таъкид гӯшзад мекарданд, ки дар синни чордаҳ онҳо колхоз сохтанд, ҷангиданд, хун рехтанд. Ғаюр ба даъвои онон чи ҷавоб гуфтанашро намедонист. Худ ба худ меандешид, ки чӣ кор кунад, то рӯзе вай ҳам дар пеши фарзандон фахр намояд. Не, ӯ номи ҷангро дигар шунидан ҳам намехоҳад. Колхозро ҳам сохта ба суботаш расондаанд. Фақат зиндагиро ба сомон расонидан мондаст.
Сонитар модараш дардманд гашту Ғаюр баъди дарсҳо мунтазам ба кори колхоз баромад.
Дарвоқеъ, ба донишгоҳи олӣ дохил шудан ва ихтисосе омӯхтан ба гӯшаи хаёли ӯ набуд. Ғаюр даҳсоларо, асосан, бо баҳои хуб тамом карду шаш моҳ дар курси тракторчиён хонда, ба фароғат дар колхоз трактор меронд. Ҷавони коргар, ғайратманд, хушқадду баст ва хушҳоле буд.
Духтарони нозанини деҳа ба ӯ бепарво набуданд.
Қадду басти расо, нигоҳи ҳамеша хандони ӯ, шармгиниаш, ки агар ба рӯи духтаре нигарад, то ба нӯги гӯшҳояш сурх мешуд, дили ҳар як духтари деҳаро мерабуд. Кӣ медонад, баъзе аз ҳамдеҳагонаш мегуфтанд, ки ҳамин ситораи гарму дилнишин сабаби фалокати ба сараш афтода гашт...
Не, бебарории ӯ аз он ки мардуми оддии деҳа тасаввур мекунанд, решаи чуқуртаре дошт.
Як соли пеш аз он ҳодиса як воқеа рух зада буд:
ҳосили пахтазори колхоз хуб буд. Охирҳои моҳи октябрь колхоз супоришро иҷро карду зиёда аз план пахта месупорид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор