Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дили ҳамаи калононро ёфтагӣ, ба халқу палқат чи кор дорад, — ақидаи худро Камол ба Ғаюр талқин мекард.
Ғаюр ба ҳақиқати давру замон ва идеали худ бовар мекард ва эътиқоди қавӣ дошт ва ин ақидаи ӯро рахна задани Камол барин нобоварону муросоҷӯён осон набуд. Бинобар он, вай агарчӣ адаб нигоҳ медошту фошо - фош сухани сахту дурушт намегуфт, қалбан буздилию беғайратӣ, кӯтоҳназарию коҳилии ононро нафрат мекард. Вай амин буд, ки агар ин одамон донову ҷасур ва бебоку ҳақгӯй мебуданд, корҳо дигаргуна сурат мегирифтанд.

3

Тирамоҳ аз шаҳр донишҷӯён ба ёридастӣ омаданд. Деҳаи хомӯш ва ором аз қадами онҳо якбора пурвалвала шуд. Махсусан, шабҳо клуб, китобхона, боғи атрофи идораи колхоз бо хандаю сурури ҷавонон шодоб буд. Сокинони деҳа ҳар сол омадани онҳоро интизорӣ мекашиданд, зеро агар ёрикорон оянд, онҳо аз кори саҳро қадре фориғ мегаштанд.
Ғаюр дар қироатхона, ки айёми ҳолу зарби пахтачинӣ, асосан, шабҳо кушода буд, бо Лола ном духтари курси дуюм шиносо шуд. Лола барои мутолиа ба вай китобе дод ва онҳо рӯз аз рӯз бо ҳам наздик гашта, улфат мегирифтанд. Ғаюр ҳар бегоҳ саросема хӯроки шомро мехӯрду ба қироатхона меомад, рӯзномаю маҷаллаҳоро варақ гардонда, интизори Лола менишаст, агар духтар наояд, бағоят дилтанг ва малул ба хона бармегашт.

пешина
аз 538
навбатӣ