Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
ва ӯ он гоҳ ба рӯи онон нигариста ғолибона механдад.
— Ҳолӣ, ки сари вақт аст, пеши раис раву узр гӯй, озурдагиашро аз дил барор, бо ин калонон тараф афтода, кӣ рӯз дид, ки ту бинӣ?! — гуфт яке аз дӯстони наздикаш Камол. Вай дуру дароз пеши ӯ нишаста, ба ҳар навъ маслиҳат медоду аз гарданкашӣ манъаш мекард. — Ин калонон шикоятгарро аз вилт, аз сел, аз зил - зила ҳам бештар бад мебинанд, то аз деҳа гумаш накунанд, хотирҷамъ намешаванд. Ба наздаш раву «бачагӣ кардам, ба дил нагиред, гумонам шумо бехабар бошеду онҳо ба чашми шумо хок мепошанд...» гӯй, аз ту чӣ меравад?! Дар ҳама ҷо росту дурӯғ таърифаш кун, агар ягон кас ӯро бад гӯяд, бо овози баланд номаъқул гуфтӣ, кӯрнамак, пӯла-шӯла гӯяш.
Бархез, бираву...
— Намеравам, — гуфт Ғаюр ба нафрат ва кароҳат даст афшонда. — То ба кай ҳукмаш раво?
Раисиро ба вай васиқа карда надодаанд. Соли дигар ба нафақа мебарояду давру давронаш мегузарад.
Ҳозир замони бою феодалон не-ку! Ту ҳам саратро бардору ба дуртар нигар, рӯзномаҳоро хон.
— Замони давлатмандон гузашту рафт, медонам, лекин замони камбағалӣ ҳам рафт... Даври дурӯғу фиреб ҳам меравад. Бинобар он, амал кун, ҷӯра, вай то мурданаш ба сари ин халқ раис аст. Ба ҳаштод дарояд ҳам, агар намурем, мебинем, ҷӯра, вай ба нафақа намеравад. Раис инро нағз медонад, бинобар он, гапи ту — як пул! Аз ашриқ то машриқ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор