Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Нашинохтам. Ба чашмам хок буд ё хокистар
чизе пошид... даҳанамро бо дасташ пӯшид як бор ё
ду бор фарьёд карда тавонистам... Баъд кашола
кард... Хайрият, бачаҳо овозамро шунида, расида
омаданд. Дигараш — маълум.
— Яъне, фарьёд кардед?
— Ҳа, якбора фарьёд кардам. Сонӣ ба рӯяш чанг
задам... Даҳону биниамро бо дасти ифлосаш сахт
пӯшид, қариб нафасгир шавам. Ҷонҳавлӣ ба рӯяш
ҷангол задам. Аз дасташ бӯи рӯғани трактор
меомад.
— Ҳа-ҳа... равғани трактор... Хӯш-хӯш... Ҳа, дар
чашмаш ё рӯяш захми нохунатон мондагист-а?
— Ҳа, мондагист... Ман чӣ донам, — боз илова
кард духтар.
— Баъд чӣ?.. Ҳа, батафсил, ҳамаашро, майдачуйдаашро напартофта гап занед. Ҳар як ҷузъияти
воқеа зарур аст. Шумо аҳамияти онро намедонед.
— Хайр... Сонӣ... кашола кард, ман тан
надодам... Сонӣ, бачаҳоро дида, гурехт.
— Қадду басташ, овозаш чӣ хел буд?
— Бачаҳо омаданд... Ман чашмамро кушода
наметавонистам, — чашмам месӯхт.
— Овозаш? Овозаш чӣ хел буд? Борик? Ғафс?
Овози бача ё марди калон? Нафаҳмидед?
— Ба фикрам... овоз набаровард.
— Хайр, ба гумонатон кӣ бошад?.. А? Ҳа,
синнаш гумонатон чанд буд? Хайр, тахминан ҷавон
ё миёнсол?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор