Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
вале ба суханони фиғономези вай ҳеҷ яке аз онҳо эътибор накарданд. Фақат раиси ҷамоа ҳамдардона гуфт:
— Ғам нахӯр... Месанҷанд, агар бегуноҳ бошӣ, озод мекунанд.
— Ин аҳмақӣ аст, амак! Аввал маро ба ҳабс андохта, сонӣ аниқ мекардаанд!.. Ман гурехта рафтанӣ нестам-ку... Чӣ ҳақ доранд? — фиғони ӯ баланд мегашт.
Ҳафтае аз миён нагузашта, дар ҳабсхонаи муваққатӣ мӯи қатрон барин сиёҳи Ғаюр ранги хокистари ҳезуми сафедор гашт. Аз саволу ҷавоби муфаттиш чунон ба ҷон омад, ки баъзан гапи гуфтагиашро худаш ҳам намефаҳмид. Аз талқин ва пурсиши бисьёр баъзан ба вай чунон ҳолате рӯй медод, ки гуё ҳамаи ин гуноҳро ӯ содир кардааст.
— Ту додарам, агар ин хел инкор кардан гирӣ, гуноҳатро вазнинтар мекунӣ. Худат иқрор гаштӣ, ки шабҳо духтарро ба сайругашт мебурдаӣ. Ҳамаи санаду далелҳо нишон медиҳанд, ки ту гунаҳгорӣ.
Хоҳӣ-нахоҳӣ, гунаҳгорӣ, ҳазор бор не гӯй ҳам, беҳуда!.. Худат медонӣ, агар ҳар кас бо дили соф гуноҳашро ба гардан гирад, аз кардагиаш пушаймон бошад, қонун ҳам ба вай гузашт мекунад... Ҷавониатро, софдилиатро ба инобат мегиранд. Хуш... тавсифномаи ба ту додаи колхозат ҳам нағз не...
Дар умраш бори аввал Ғаюр фаҳмид, ки рӯзу шабҳо ин қадар дароз будаанд. Дар ҳабсхона одамон фикр мекунанд. Вай ҳам фикр мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор