Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Соатҳои дароз меандешиду оқибат дар пеши чашмаш боз ҳамон ситораи думдори дар овони кӯдакӣ дидааш ҷилва менамуд. Нури сарди он дар замон гӯё дилу ҷигарашро алмос барин бурида мегузашт. Не, вай аз бебарориҳо наметарсид, азму умедҳои ӯро шикастани нокомӣ осон набуд. Вай ҳанӯз умедвор буд, ба инсофу адолати мардумӣ бовар дошт.

4

Ғаюр ҳам дар коргоҳ, ҳам дар маҳбасхона фикр мекарду аз як нафар маҳбуси қонундон гаштаю баргашта мепурсид: «Охир мани бегуноҳ чаро дар ин ҷоям? Чаро?» Маслиҳат мепурсид, аммо ба саволи худ ҷавоби саҳеҳ намеёфт. Ӯ ба ин ҳукми ноодилона ҳеҷ тан дода наметавонист. Гоҳе аз алами оҷизӣ хилвате меҷусту хомӯш нишаста, гирья мекард. Вай то ба маҳбусӣ одат карданаш он қадар оби чашм рехт, ки зани гирьёнчаки бебахт ҳам, умре ин қадар ашк рехтанаш дар гумон буд. Аммо Ғаюр эҳсос мекард, ки аз ашкрезӣ ҳолаш сабук намешавад, аламаш паст намегардад. Ашки вай ғӯраҳои қаҳру ғазаб буд.
Айёми ҷавонӣ — даврони беғамию хушбахтиҳои беканори вай, фасли муҳаббаташ ба ҳамин минвол, ба тарзи ҷонгудоз хотима ёфт. Вай ҳанӯз ҳам бовар надошт, ки гунаҳгораш карданд. Чунин мепиндошт, ки адлия саҳви худро ислоҳ хоҳад кард.

пешина
аз 538
навбатӣ