Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Ғаюр фақат баъди се рӯз тавонист, ки ба рӯи нома раддия навишта, онро баргардонад. Се шабу се рӯз ақлу дили вай дар ду ҷабҳа талош карданд.
Дилаш мегуфт, ки мактубро кушою бихон, он ба номи ту, суханони меҳрангези он фақат ба номи ту имло шудаанд, гуноҳи маҳбубаро бахшидан ҳам аз ҷавонмардист, балки вай ҳам гуноҳе надорад, охир, дар суд гуфт-ку, кӣ будани он нокасро намедонам, ба ҳар ҳол, ҷавон набуд, дасти марди миёнсол буд...
Вале ақлаш исрор мекард, чунин беақида ва ноустувор набош, гуфтӣ, ки ба рӯяш туф мекунам, сабр намою туф кун, ана, ин кори ҷавонмардона аст. Беҷазо мондани хиёнат ва нобакорӣ чӣ маънӣ дорад, намедонӣ? Яъне, ту оҷизу бечораӣ, беномус ва безардаӣ! Мард дар дуньё барои ситондани қасосаш зиндагӣ мекунаду умр ба сар мебарад...»
Аз миён ду ҳафта ё бештар вақт гузашту боз аз Лола мактуб омад. Ғаюр ин бор лаҳзае наандешида номаро пас гардонд. Баъд номаҳои зиёдро гардонд, ҳатто шумораи мактубҳои раддия навиштаашро фаромӯш кард.
Сони худи Лола омад. Ба Ғаюр рухсати мулоқот доданду вай омад.
Қасди Ғаюрро пай бурд магар, ки духтар ҳамроҳи модару хоҳари ӯ омад. Аввал сухани модар ин буд, ки ин духтар бегуноҳ аст, шир барин поку мубарро аст, аз ӯ зинҳор наранҷад, аслан ин ҳам хости худо будаст ё навиштаи қисмат ё кори душманони нотавонбин ва ғайра ва ҳоказо. Ғаюр ба хотири сухани модараш ба ночор бо Лола салом кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор