Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Э, чӣ қадар дар деҳа кори мӯле! Агар намурда, аз ҳамин ҳабсхона зинда бароям, аввал рафта модару хоҳарамро мебинаму сонӣ туро кофта ба Душанбе меравам, духтар! Агар дар назди чор нафар ёру дӯстонат мегуфтагиамро гуфта, ба рӯят туф накунам, аз дилам ин алам намерафтагӣ барин. Бигузор, маро гирифта боз ҳабс кунанд! Се сол дар ҳабс намурдагӣ одам, агар барои авбошӣ боз як моҳ бишинад, намемурдагист...»
Рӯзе аз рӯзҳо вай аз Лола мактуб гирифт. Пагоҳӣ ба кор равона буданд, ӯ мактубро гирифту аввал хост, ки пас баргардонад, вале фурсати дуруст андешидан набуд, бинобар он, ба ҷайб заду ба кор рафт. Тамоми рӯз Ғаюр кор мекарду дар ҷайбаш нома не, гӯё каждуме бошад, беқарор буд. Ба вай чунин менамуд, ки ҳатто ҳамин номаи вайро ба даст гирифтанаш ҳам, аломати сустдилӣ, заифмиҷозӣ, нишонаи азму ҷазми қавӣ надоштани вай аст. Аз тарафи дигар, вай мехост, ки чиҳо навиштани Лоларо, бо чи суханон худро сафед кардани ӯро боре бихонад. «Аз оҳанги каломаш дилашро мефаҳмам. Азоби виҷдон як умр туро ором намемонад, духтар!.. Хайр, чӣ ҳам менавишт, тасаллӣ, дилсӯзии оҷизона, узр, мебахшӣ, ман нафаҳмидам... Гум шав. ...» Ғаюр хост номаро аз кисааш бигираду даруни хокрӯба партояд, вале боз ҳам андешид...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор