Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Ин рағбат дар пеши назари вай кулли сахтиҳоро осон намуд, дари дуньёи дигареро аз боби илму дониш, китобу фарҳанг боз кард.
Ғаюр дигарбора китобу дафтару қалам ба даст гирифт. Ба китобу дафтар вай ин бор бемақсад, ҳамчун як кори беҳуда ва нодаркор наменигарист.
5
Имтиҳоноти қабул ба факультети ҳуқуқшиносӣ бори аввал рӯҳи муддатҳо нагун афтодаи ӯро боло бардошт, вай худро ба дигарон ҳамсанг ва ҳамсар дид, ба рӯяш табассуми шодмонӣ давид, қоматашро андаке рост гирифт. Баъди супоридани иншо ду нафар муаллимон ӯро ҷеғ зада, аввал пурсиданд, ки чаро ба факультети ҳуқуқшиносӣ даромаданӣ аст.
— Ҳамту... — ҳайрон-ҳайрон китф боло кашид ӯ.
— Ҳуқуқшинос шуданиам, — ҷавоб дод Ғаюр сахт ваҳмида. Вай аз саргузашти сиёҳи худ дар хавф буд, ки мабодо фош гардаду ба таҳсилаш монеъ шавад.
— Ҷои ту факультети филология аст, додар!..
Агар хуб гӯӣ, мо гап мезанем, мегузаронанд.
Мутахассиси хуб шуданат мумкин, — гуфт яке аз муаллимон бо табассум. — Бовар кун, дар илми адабиёт қобилиятат бештар аст. Албатта, онҳое, ки факультети филологияро хондаанду худро адабиётдон меҳисобанд, бешуморанд, аммо адабиётшиноси ҳақиқӣ дар мо хеле кам аст. Дар ин бобат ба ту умед бастан мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор