Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ғаюр ба чеҳраи онҳо нигариста, сабаби ин ҳазли бемавридро фаҳмидан мехост, аммо муаллимон аз афти кор, хаёли ҳазл кардан надоштанд, ҷиддӣ ба ҷавоби ӯ нигарон буданд. Ғаюр боз ба шубҳа афтод:
чаро онҳо ӯро ба факультети дигар ташвиқ мекунанд? Боз ин чӣ найранг бошад? Рӯирост гӯянд
— намешавад? Дар ин факультет хондани ман мумкин набошад, не-дия...
Ғаюр аз ҳабсхона дилашро бо шубҳаю гумон ва нобоварӣ пур карда баромада буд, аммо инро худаш пай намебурд. Вай таҳи ҳар як сухан, ҳар як рафтори атрофиёнашро бодиққат мекофт, ҳар як суханро баъзан аз чор сӯю шаш ҷиҳат мулоҳиза мекард, мабодо дар таҳди коса нимкоса бошад, мегуфт. Бинобар он, аз ин пешниҳоди муаллимон бағоят андӯҳгин гашт, ҳатто аз орзуи дер боз ба дил парваридааш ба якборагӣ умедашро бурид.
— Муаллим, рӯирост гап занед, чӣ муддао доред?.. Ман кӯдак не, мефаҳмам, — гуфт вай ба дуруштӣ. — Дар ин факультет таҳсили илм кардани ман мумкин нест?.. А? Ҳамин тавр гуфтаниед?
— Мо ба фоидаи ту мегӯем, бародар, — аз қаҳру тундии ӯ ҳайрон шуданд онҳо. — Агар нахоҳӣ, зӯрӣ намекунем. Дар синни ту бисьёр ҷавонон маркази қобилияти худро возеҳ дарк накарда, ба ҳар сӯ парешон, мегарданду вақти азизро беҳуда мегузаронанд. Мо мехоҳем, ки дар ин ҷода ба ту ёрӣ кунем. Аз ту филолог мебарояд, медонӣ?

пешина
аз 538
навбатӣ