Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Ту чӣ кор дорӣ? — нописандона писханд кард
Ҳайдар. — Аввал ба ман бигӯ, ки дар куҷо ба ту
даллолиро ёд доданд?
Мушти гиреҳхӯрдаи Ғаюр монанди хоиск ба ҷоғи
сардор чунон бо суръат зад, ки атрофиён фақат ба
мисли навдаи досбурида, парида ба замин яксон
афтодани Ҳайдарро дида тавонистанду бас.
Лаҳзае чанд ҳама нафас ба дарун кашида, гӯё
шах гаштанду баъд ғуррӣ карда, монанди селаи
гунҷишкон ба сари он ду ғун шуданд. Ҳайдар
чоғашро бо як даст дошта, аз замин бархосту
дақиқае бо чашмони кашидаи нимпӯш, дандон ба
дандон фишурда истод. Ба ҳамин минвол дарди ин
зарбаро гӯё гузаронд. Баъд либосашро афшонду
канортар рафта туф кард. Туфаш хунолуд буд.
— Хайр, мебинем!.. Ба шаҳр равем... Дониста
мон, донишкада ҷои ту баринҳо не!.. Мебинем!..
— Ӯ ин суханҳоро бо алами каси ночор, дар ҳолате,
ки чашмонаш аз ғазаб меҷӯшиданд, Ғаюрро лахталахта кунам мегуфтанд, аз зиҳи дандон баровард.
Чӣ кор мекунӣ? — тамасхур кард Ғаюр. — Аз дастат
ҳар чӣ ояд, кун. Ман наметарсам. Зинҳор маро
тарсонданӣ нашавӣ.
— Мебинам... Мебинам... Агар паятро нест
накунам, номам Ҳайдар не! Дониста мон: то ман
зиндаам ту ин донишгоҳро тамом намекунӣ!
— Ҳой, оҳистатар, аз пушти дигарон напар!..
Ман батарашро дида омадам.
— Тушбераро хом шумурдӣ... Ба ман даст
мебардоштагӣ ҳолӣ дар шиками модараш хоб аст!

пешина
аз 538
навбатӣ