Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Падару модар ва хешовандон аллакай Лоларо пирдухтар меҳисобиданд. Дарвоқеъ, ҳамсолони вай аллакайҳо шавҳар карда, модари ду-сетогӣ фарзанд гашта буданд. Аз ин бобат волидайн дар ғами духтари худ сахт дармонда буданд. Хешовандон аз дуру наздик барои Лола талабгор ёфта, бо ҷавонони гуногун мулоқоту дидорбинии ӯро меоростанду умедвор буданд, ки ягонтои он ҷавонон ба духтар хуш меояд ва аз баҳри он ҷавони қишлоқӣ мебарояд. Аммо Лола як зайл такрор мекард:
— Ҳаёти як ҷавони бегуноҳро шикастам... Бе вай ман як умр диламро хӯрда-хӯрда аз дуньё меравам.
Маро ба ҳолам монед, ман назри ваям.
— Охир, вай ҳам ба ту майл-пайл дорад? Ҳеҷ маълум не-ку... — Сонӣ санади аз ҳама «муҳими»
худро пеш меоварданд: — Ба ғайр аз ин, ояндаи ӯро фикр кун... Вай дур намеравад.
— Агар маро нахоҳаду ба дигаре хонадор шавад, он гоҳ... мебинам, — мегуфт Лола зуд, то аз хусуси ояндаи Ғаюр «пешбиниҳои» онҳоро дигар нашунавад.
Мисли ҳамаи падару модарон волидайни вай ҳам хушбахтии фарзандро орзу доштанд ва аз ин азизтар таманнояшон набуд. Онҳо бахти духтарро фақат дар он медиданд, ки вай арӯс гашта ба чи гуна хонавода меравад. Афкори маъмула дар ин боб инчунин буд. Онҳо ҳоло медиданд, ки ҳусну таровати дилрабои духтар дар пеши назарашон кам-кам коста, ба қавли баъзе талабгорон, баҳораш мегузашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор