Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ғаюр лаҳзае дар таги дар истоду баъди баромадани як нафар сардори курси сеюм, дарро нимроғ карда пурсид:
— Мумкин?
Декан ба тарафи ӯ нигоҳ накард. Ғаюр такрор пурсид.
— Намебинед, одамон нишастаанд, — гуфт Орифӣ ба ҳамсӯҳбатонаш ишора карда. Овози вай, андоми кибрноку сангинаш, нигоҳи сардаш — ҳама бо як забон гӯё мегуфтанд: ана, ин хел нигарон мешавӣ, дар таҳи дар мешинӣ, зорӣ мекунӣ...
Ғаюр мунтазир истод. Лаҳзае аз миён гузашту занги электрикӣ чиррос зада садо дод. Дар долон лаҳзае ғалоғула баланд гашту донишҷӯён ба дарс даромаданд. Ҳама ҷо ором гашт. Дар тамоми синфхонаҳои бинои сеқабатаи факультет вазъгӯию муҳокимарониҳо сар шуданд.
Ғаюр чӣ кор карданашро надониста, асабонӣ, ба худ мепечид. «Саҳарӣ ношто накарда аз деҳа баромада давидам, то ки имрӯз ҳам аз дарс намонам, аммо ин одам барқасд чақ-чақ карда нишастасту...» — вай ботинан, бо декан муноқиша мекард.
Баъди даҳ дақиқа яке аз ҳамсӯҳбатони декан, муаллими ҷавоне дарро кушоду дар як даст портфели пурбор, бо дасти дигараш ба дастаи дар такья карда хайрухушкунон дар остона истода хотиррасон сохт:
— Хайр, муаллимҷон, ман ба дарс медароям. Аз ёдатон набурод, нимрӯзӣ ош ҳаст-а!.. Шумо агар

пешина
аз 538
навбатӣ