Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Лекин Рустам барин бахилу иғвогарон ҳам ҳастанд. Хайрияти кор ҳозир ин хелҳоро хуш намекунанд. Дар як идора ё колхоз якта ин хел одам бошад ҳам, доим хавотиред-да, аз дасташ ҳеҷ, коре наояд ҳам, эҳтиёт мешавед. Раис доим ба Рустам «офарин, корат дуруст» гӯяд, вай аҳмақ ба ҳамин ғарра шуда мегардад, вале ман медонам, муйсафед аз вай безор аст, «ҳар ошба қатиқу ҳар нонба ҷазза» гӯён чандин бор ғут-ғут карданашро гувоҳам. Худаш ҳам махав барин ягон одами дуруст қатӣ равуо надорад.
Маро «ҳаромхӯр» гуфтаст. Лаънатӣ, ҳоли ман барин ошатро ҳалол карда хӯр, сонӣ гап зан! Ин хелҳо чи мехоҳанд, ҳама медонанд: мехоҳанд, ки ҳама мисли онҳо кафангадо бошад, лаққии беҳуда бошад. Агар раҳбарон дурусттар фикр кунанд, аз Рустам баринҳо на ба давлат манфиате мерасаду на ба халқ. Ҳозир агар фермаро ба дасти ҳамин Рустам диҳанд, ду сол нагузашта, хароб мекунад, на плони шир иҷро, на гӯшт, на саршумор меафзояд, моли будагиро ҳам нобуд мекунад. Ман худамро ба теғу табар зада, молро сер мекунам, худам ҳам сер мешавам, ёру ҷӯраҳо ҳам. Ана, як ҳафта пеш барои бист тонна пӯчоқи пунбадона қоғаз гирифтам. Ку, бубинам, Рустам рафта даҳ тонна рӯёнад!, Ба мошини раис тири пеш даркор буд, ки дарьёб кард? Ман, бандаи ганда — Бадалбек! Дар идораи Сельхозтехника ба саломи Рустам баринҳо алек намегиранд. Ку, даҳ сол давида, як тири пеш бигирад, бубинам! Ё як матор бигирад. Агар ман набошам, на кори колхозаш пеш меравад на муҳими районаш мебарояд. Кори заводу

пешина
аз 538
навбатӣ