Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Чашмашро кушода мемонем!..
Лекин ин Лола гуфтагем, як духтаре, ки... бе муболиға, чунон ки дар афсонаҳо мегӯянд, ба хироҷи ҳафтсолаи мамлакат меарзад! Қасам мехӯрам...
— Эҳ-ҳе-е! — ба истиғно мад кашид Адолат. Ин чунин таърифи як духтари ношинос ба вай хуш наомад ё ба иззати нафсаш расид. — Ҳеҷ набошад, нархашонро ба бюҷети республика баробар кунед!
— пичинг кард вай.
— Ҳой, Ғаюр, ин хел дурри қиматбаҳоро аз куҷо ёфтӣ?.. Барои ҳамин ин қадар сол дар кисаат як пули сиёҳ набошад ҳам, димоғат осмонро сӯз дода мегаштаӣ - дия! Такаббурат бесабаб набудаст, — гуфт Мирзо аз ин хабар тамоман моту мабҳут.
— Худаш кӣ вай? А? — Беқарор буд Мунира. Вай гоҳ ба даҳони яке, гоҳ ба рӯи дигаре менигаристу маънӣ гирифтан мехост. — Намегӯед?.. Хайр, нигариста истед агар духтари ҳамин шаҳр бошад, дар ду рӯз ёфта нагирам, номам Мунира не!
— Ҳолӣ ҳам номи ту Мунира не! Кӣ туро Мунира гуфт? А? — Мавриди шухӣ омаду зуд ба вай часпон гашт Мирзо. — Ман Мӯрчамиёни азизамонро медонам, агар Мӯрчабону гӯӣ ҳам, қабул, аммо Мунира...
— Албатта, набера ҳам ба хешу табори наздик дохил аст, — гуён Мунира ба лақаби Мирзо, ки замоне аз сабаби баҳсаш аз ин боб гирифта буд, ишора кард. — Набера ҳақдор аст, ки ҳатто ҳукми судро инкор кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор