Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Юнусӣ гӯё дар банди масъалаи мушкиле дармонда бошад, мизро бо ангуштонаш нақоракӯбӣ мекарду меандешид. Ба Ғаюр ҳоло оҳанги сухани ӯ, ҳар замон «додар» ва ё «писар» гӯён ба сӯҳбат ранги маҳрамона задани вай хеле таъсир дошт.
— Мо аз даво гирифта фармон набаровардаем, додар... — Юнусӣ сар аз андеша бардошту пайрави гуфтаҳои худ бозгуфт. — Фикри деканат, муаллимон, комитети комсомол, ҳатто ақидаи рафиқонатонро дар ҳақи шумо пурсида гирифтем.
Мебахшед... Наврӯзов ба шумо чӣ хел қаробат доранд? — Ногаҳон чи фикре ба хотираш расиду савол кард ректор.
Ғаюр ин чунин саволро нигарон набуд, бинобар он, чи ҷавоб гуфтанашро надониста, лаҳзае дасту по хӯрд. Ректор саволашро эзоҳ кард:
— Ҳайрон нашавед, ин ҷиҳаташ ҳеҷ аҳамияте надорад... Ман ҳамту, донистанӣ будам, ки хешу таборӣ доред ё дигар хел...
— Не, мо на хешу таборем... на дигар хел... — гуфт Ғаюр ғайриихтиёр тамкин аз даст доду ба киноя сухани ректорро такрор намуд. — Пеш аз ин воқеаҳо шиносо набудем.
— Ҳа-а... Ин хел гӯед... — Сипас ректор ба маҷрои аслии сӯҳбат баргашту гуфт: — Ман ба он кас фаҳмондам... Қурбони одами хирадманд шавам, он кас ҳам даррав фаҳмиданд. Ҳамин, вақти азизи худро сарф карда шуморо қабул карданашонро нигаред!.. Охир, он касро он қадар масъалаҳои муҳими давлатӣ ва ба тамоми халқи мо, республика судманд дар пеш бошад ҳам, нигаред, ки...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор