Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
намехоҳад. Медонист, ки наздиконашро дар андӯҳ ниҳода, ӯ дар дуньё соате хуррам нахоҳад буд, сар ба осмон судан насибаш гардад ҳам, рӯи хушнудӣ ва хушбахтиро нахоҳад дид. Ақидаи Занҷир ин буд. Зотан, чунин як қадами инқилобомез аз духтар маърифати зарурӣ тақозо дошт, вале ӯ онро доро набуд. Овони таҳсил дар мактаб мисли аксари духтарони деҳа вай ҳам он ҳама илмро барои говдӯш ё пахтакор беҳуда ва нодаркор меҳисобид. Монанди баъзе дугонаҳояш вай аз он, ки имкони таҳсили илм наёфт, пушаймон набуд, агар ба сари ӯ моҷарое намеомад, аҷаб не... Аслан, кӣ медонад, иқдоми ӯро саҳв ё бебарорӣ шумурдан раво бошад? Дар дуньё яке бо илму ҳунар, кору амал ва санъатварӣ хушбахт аст, дигаре бо хандаю гирьяи кудакони худ ободию озодӣ дорад. Кадоме аз ин муқаддам аст — кӣ медонад?!
Боре бегоҳирузӣ ҳангоми ширро полуда, ба ҳисобдори ферма супоридани Занҷир Шогадо ба назди вай омаду оҳиста гуфт:
— Ба боғча бирав, меҳмон меомадаст, хӯрок-пӯрок мепазӣ. Бадалбек фармуд.
— И-и!— ҳайрон шуд Занҷир — Бевақт шуд, ман чӣ хел ба хона меравам? Худатон пазед-да. Ман гову гусоларо сер кунам ё меҳмона? — Занҷир, одатан, кинояву зарофати ба забонаш омадаро бебок мегуфт.— Меҳмонҳоро шумо парвариш кунеду ҷӯшед.
— Ба ман кори дигар фармуд, ба деҳа меравам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё