Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Кори Исмоил барор накард, ки накард. Кабир дар курси охирини донишгоҳ буд, боз як кори чигил бархосту кораш ба суду прокурор афтод ва то сарашро аз он бало халос кардан, ба қавли худаш, «луб-луч»
гашт. Баъди ин моҷаро ӯро ба нафақа бирав гуфтанд.
Исмоил баъзан дар хилват нишаста, фикр мекард — фикр мекарду алам мекашид, ки кор кард-кор карду оқибат фиреб хӯрд. Вай як умр аз дигарон худро боақлтару зирактар меҳисобид, аммо охиру охирон ба ин ҳол афтоданаш ӯро алам мекард.
Ҳоло дилаш мехост, ки писараш таҷрибаи ӯро дастури ҳаёт созаду алами падарро аз дил барорад, аммо ин бечора ба фабрика афтода, ба моҳона нигарон аст.
Исмоил ӯро талқин мекард, ки касбу корашро партояду худро ба кори савдо занад. Аммо идораҳои савдо дастур гирифтаанд, ки мутахассисони соҳаи дигарро ба кор нагиранд, бинобар он, дӯстонаш илтимоси Исмоилро қонеъ карда натавониста, ҳайрон монданд. Аммо ӯ ин гапҳоро баҳонае беш намеҳисобид. «Агар хоҳанд, ба ҳазор усул роҳашро меёбанд, — мегуфт вай бо алам. — Қонунро ҳам ману ту барин одам баровардагӣ, барои ин одамон қонун ҳеҷ корро манъ намекунад. Ҳозир агар ҳазор сӯмака ба пешашон партоям, раҳаша меёбанд!
Агар нахоҳанд, қонуну қоидаро сабаб месозанд. Аз ману ту ба онҳо фоидае намерасад, писарам. Ҳа. Қонун чист?
Қонун девори ҳавлӣ барин чиз аст. Барои ба ҳавлӣ даромадан девора кандан зарур не, рахна ёфтан даркор,
— талқин дошт ӯ ба писар. — Ана, масалан, қонун мегӯяд, ки дар ду ҷо соҳиби ҳавлию хона будан мумкин не. Лекин аз худи ҳамин маҳалла чанд кас дар шаҳр ҳам

пешина
аз 538
навбатӣ