Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сониян, ӯ ҳатман ба танқидкунандааш кина мегирад, ҳамеша мавридеро нигарон мешавад, то қасосашро ситонад. Бинобар он, Кабир ҳамин ки сабабе меёфт, оҳиста ба тавсифи ин ё он раҳбари корхона мепардохт. Ин ҷаҳди вай барҳадар нарафт, роҳбарон зимнан ӯро ҳамчун як ҷавони қобилу фармонбардор таҳти назар гирифта буданд.
Ин шаб амаки Исмоил баъди таоми шомро хӯрда, фотиҳа хондан, чойники чойро пеш кашиду чойи онро се бор ба пиёла рехта, гардонд ва маънидорона ба рӯи писар нигарист.
— Корат тинҷ аст?
— Ҳа, тинҷ.
— Моҳона катӣ мегардӣ? То кай? — Ба саволи худ ҷавоб нагирифту боз савол кард падар.— Ҳолӣ ёфти ман катӣ рӯзгорамон аз яке пеш, аз дигаре қафо мегузарад.
Ман ҳам пир шудам. Дар пеш тӯи ту, боз хоҳаракат ҳаст.
Фикр кун, писарам. Аслан, ман ҳам аз кори савдо безорам. Касби ман пойафзолдӯзӣ буд. Лекин чӣ илоҷ, ба рафти об нигариста рафтан даркор.
Кабир пай бурд, ки падар барои ӯ боз ягон кору вазифа ёфтааст. Боз ягон дӯкон бошад, ё ягон хел корхонаи ба қавли аҳли савдо, «левакдор» пайдо кардааст. «Сабил, худи ҳамин калимаи «левак» аз кадом забон омада бошад?» — аз худ савол дошт Кабир.
— Чӣ илоҷ, додо, корхонаи мо «левак» надорад.
Дораду хавфнок. Анбори матои тайёрро дузд зад, ҳозир кофта-кофта, нӯги калоба дар корхона будаст, мегӯянд.

пешина
аз 538
навбатӣ