Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Ҳамон пушту паноҳ, ки нест, қаноат кун. Дар ин шаҳр ту барин кайки ман ароба мекашад гӯён гаштагиҳо лак-лак.
— Не, ман то ҷон дорам, зӯр мезанам, роҳашро меёбам. Овезӣ, ба дори баланд овез, мегӯянд.
— Зӯри беҳуда. То як дастгират нест, ба ҷое намерасӣ.
Ман мегум, ҷудо агар мансаб гирифтан хоҳӣ, ҳамон директори бозор катӣ хеш шавем-чӣ? Чор тараф катӣ алоқааш ҳаст, одами будаманд.
— Боз аҳли савдо! — даст афшонд Кабир. Сонӣ пурсид: — Бадавлат аст?
— Ба худаш мувофиқ. Чашми духтараш андак нуқснок будаст, аммо чашму рӯяш бастагӣ, духтарони илмнокат барин бепойҷома не, сарлучу танлуч не.
— Вай, шӯрам хушк шавад, — модар, ки то ин дам гуфтугӯро хомӯш гӯш мекард, даст ба пешонӣ зад. — Ба моҳ барин писар духтари чашмаш нуқснокро кӣ арӯс кардааст?! Монед-е, ҳама механданд.
— Хуб, мондем,— киноя кард падар,— модару писар арӯси мувофиқи табъатонро ёбед.
— Хайр, ёфт мешудагист,— гуфт модар аз ғазаби падар рам хӯрда, бо овози паст. — Мулки худо танг не, пои фақир ланг не. Шукр, писарамон олимаълумот бошад, афту башараашро каси дидагӣ, боз бинам мегӯяд... Холаю аммаҳои чор тарафро мекофтагӣ надорад, набошад, ба ҳар тори мӯяш — як духтар!
— Ҳамон духтари фабрикааш чӣ шуд? — пурсид падар ин дафъа аз модар.

пешина
аз 538
навбатӣ