Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Раис Имомалиро муборакбод гуфту аз эҳтиёҷи ӯ пурсон шуд ва сипас ваъда кард, ки як мошин ҳезум мефиристад. Сонӣ ӯро ба ишора канортар бурду насиҳатомез сухан оғоз карда гуфт, ки аз кинадорӣ инсон ҳеҷ манфиате намебинад, маслиҳати ӯ ин аст, ки бо Бадалбек оштӣ шавад. «Дар сари тӯи фарзандон одам аз ҳар гуноҳе мегузарад, боз вай худаш узру сад узр гӯён гаштаст», гуфт, раис. Имомалӣ хеле андешиду ба раис чи гуфтанашро надониста, оқибат иқрор кард:
— Ман сухани шуморо шикаста наметавонам, раис.
Агар тамоми аҳли деҳа аз ман рӯй тобанд ҳам, оштӣ намешудам, лекин... Очаам розӣ намешавад... Аз баҳрам мегузарад, раис, ҳамин тӯй вайрон мешавад. Ана, худатон бо кампир гап занед. Агар кампирро ба гап дарореду розӣ кунед, ман оштӣ мешавам, нашавад, — не.
Раис дилпур аз он ки пиразан сухани ӯро рад карда наметавонад, ба як хонаи холӣ даромада, бо кампир хеле вақт ҳамгап шуд, аммо суханаш қӯр нагирифту аз қаҳр суп-сурх даргирифта баромад ва ба касе нанигариста аз ҳавлӣ берун шуд.
Имомалӣ сахт пушаймон гашт, ки чаро раисро ба модар рӯ ба рӯ карду ин гуна ба қаҳр овард. Тамоми рӯз ҳам худро, ҳам очаашро маломат карда, монанди мурғи посӯхта чӣ кор карданашро намедонист.
Мардум ба тӯй меомаданд. Хизматгузорон ҳар кадомеро аз рӯи обрӯю мартаба мешинонданд, тӯёнаи хешовандонро қабул карда, оҳиста дар коғаз сабт мекарданд. Имомалӣ ба муборакбоди онҳо ҷавоб

пешина
аз 538
навбатӣ