Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
ки қариб намехандиданд. Сабаби кам хандиданашонро худам ҳам намедонам. Балки солҳои баъди ҷанг талабот аз мардумон ҳамин хел буд, кӣ медонад? Барои намозу рӯза, барои хатна кардани бачаашон баъзеҳоро ҷазо медодаанд-ку! Тағоии очаамро барои он ҳабс карда будаанд, ки дар хонаашон китоби кӯҳнаро нигоҳ медоштаанд.
Он солҳо дадаам бегоҳӣ аз кори саҳро димоғашон гирифтагӣ, хастаю шалпар меомаданд. Қавоқашонро накушода болои кундаи ҳезумкафонӣ амонат менишастанду як бор уф кашида мондагиашонро мебароварданд. То дӯғоб оварда додани очаам бо мо саволу ҷавоб карда, як-ду супориш медоданд. Баъди дӯғобро дам кашидан, каландашонро гирифта ба замини рӯйидаричаамон мерафтанд. Дар он ҷо то шом кор мекарданд. Очаам мегуфтанд, ки ҳамин як порча замини рӯйидарича хонаводаи моро ба по рост медорад. Албатта, ман он солҳо маънии ин гапро дуруст намефаҳмидам.
Аслан, чандон хурд ҳам не, дувоздаҳсола будам. Ҳанӯз дуруст каланд зада натавонам ҳам, дигар корҳоро хуб ӯҳда мекардам: киштро об додан, ба молҳо алаф овардан, хошок даравидан, аз кӯҳ ҳезум овардан. Ҳатто ду-се бор додарам катӣ ба осиёб ҷуворӣ бурда, орд карда омадам. Додарам — Салим он солҳо дар синфи сеюм мехонд. Ман аълохон гуфта баъзан аз худ мерафт. Ҳар чизе биёранд, вай нағзашро мегирифт. Каҷу килеб сурат мекашиду рассом мешавам, мегуфт. Доим дар кисааш ангишт ё бӯр, тахтасангҳои сари роҳро кажу маж хат кашида, пур мекард. Ҳатто сурати Алопарро дар санг оҳан катӣ канд, он сурат дигар намеравад.
Баъди Алопарро аз даст доданамон Салим ҳар бор ҳамин суратро нишон дода, ба ҷароҳати дили ман намак мепошид.
Худи Салим бачаи бад не, аммо гоҳ-гоҳ зӯъмию якравӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё