Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
ҷеғ задем.
Сагҳои рама бо фукҳои ғафсу ваҳмангези худ Алопарро бӯй-бӯй карда диданду аз афти кор, боварӣ пайдо карданд, ки ин ҷонварак аз авлоди гург ё шағол не, бо он шӯхию бозӣ оғоз намуданд. Аз ҳаракатҳояш маълум буд, ки Алопари шӯр чандон рағбати бозӣ надошт ва аз ҳазлу шӯхиҳои онҳо метарсид, илоҷе ёфта канортар гурехтан мехост, аммо он ду хирси барзангӣ ду-се ҳаллос зада, сари роҳи вайро мегирифтанд.
Хайрият, чӯпон расида омаду сагҳоро аз сари мо дур андохт. Ману Салим аз дарахт фуромадем.
— Ягон дуогӯятон аз таҳти дил дуо мекардаст... Ба шарофати дуо... ин арча будаст, — изҳори мамнунӣ кард чӯпони якдаста.
Бинии ин марди навчаи сурхрӯ айнан ба мисли минқори уқоб хамидагӣ буд.
— Набошад, исқотҳо нагазанд ҳам, сахт метарсонданд.
— Барои чӣ нагазанд, мегазанд, — гуфт Салим, ки ашки чашмаш ҳанӯз хушк нашуда буд. Ман акнун пай бурдам, ки ҳангоми ҳамлаи сагон вай фарёд зада гириста будаст.
— Бачара намегазад. Агар худат кордор шавӣ, гапи дигар ё ба мол расӣ... — чашми чӯпон ба Алопар афтоду онро баҳ-баҳ гуфта доштанӣ шуд, аммо сагбача нияти ӯро пай бурду дур гурехт.
— Ҷеғ зан, сагата як бинам, — хоҳиш кард вай. Баъд гуфт: — Зотӣ барин.
Ман Алопарро доштам. Вай дандонҳояшро гиз карда, таҳдидкорона ар-ар мекарду чӯпонро наздик омадан намемонд. Аммо даҳмарда ба вай эътиное накарда чанг заду аз ёли Алопар бардошт. Сагча ғишингос заду бо ғазаб ба чӯпон дарафтод ва аз чанги ӯ раҳоӣ ёфта он сӯтар гурехт. Баъд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё