Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

сараш расондам ё не, вай аз алам мушт барин санга аз замин бардошту ба сари ман зад. Хун чашма барин ҷорӣ шуд. Очаам тохта омада маро аз хар фуроварданду ба хона бурда хобонданд, ба ҷароҳат зуд намад сӯхта зер карданд.
Салим ба ким-куҷое гурехта рафту бо ҳамин то ба шом гум шуд.
Дадаам аз кор омаданду воқеаро фаҳмида, пеш аз он ки ба сари полез раванд, ба боми зинхона баромада Салимро ҷеғ заданд:
— Салим!.. Ҳой, Салим!.. Салим!..
Дар ин хел мавридҳо овози дадаам монанди раъд гулдуррос мезад ва аз тарафи сой акси садо медод. Фурсате нагузашта Салим пайдо шуд.
— Ҳозир ҷазоята мебинӣ! — гуфтам ҳамчун мазлуми адолатхоҳ бо андаке овози озурда. Вай аз замин чашм набардошта омаду дар рӯ ба рӯйи дадаам гунаҳкорона истод.
Дадаам хомӯш ба сар то пойи вай нигариста, барои бетамизиаш ҷавоб талаб доштанд. Аммо Салим гардани дарозаша ба дарун кашида хомӯш буд. Ҷазои ҳасадхӯр ва нобинам ана ҳамин гуён, дар дил шодӣ кардам.
— Ҳа, гап зан! — дадаам суханашонро аз зиҳи дандон бароварда, бо ғазаб ба тарафи вай як қадам монданд.
Дадаам моро назананд ҳам, чунин ваҷоҳаташон басанда буд, ки дигар он номаъқулиро такрор накунем.
— Вай... вай Алопара... а-а, ба чӯпон фурӯхт, пулаша гирифта... — ногаҳон канда-канда эълон кард Салим.
Нафаси ман ба дарун заду на ба рӯйи дадаам нигаристам, на ба тарафи Салими хоин.
— А-а? Чӣ? — дубора пурсиданд дадаам.
— Чӯпон аввал панҷоҳ сӯм дод... сонӣ... сонӣ боз... сӣ

пешина
аз 192
навбатӣ