Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
Мор чӣ хел аз таги харсанг берун ҷаҳид, ман надида мондам Аҳмад-ака якбора аз ҷо парида бо чӯбдасташ ба вай ҳамла карданашро дидам.
— Э-э... Ана-ана! Гурехт!
Аҳмаду Барака аз паси мор ба он сӯ тохтанд ва лаҳзае нагузашта онҳо мори аз оташ ҷон ба саломат бурдаро сангборон карда куштанд.
— Як қулоч, зиёдай, кам не, — гуфт Аҳмад бо даҳшат.
— Газад ҳам, Аҳмадбой, очатона медидед!
— Ута нагу, ута нагу ҷура. Нияти нек бикун, ки худо худуш нига дорад.
— Дар куҷо дидӣ, ки мори айнакӣ одама газид?! — бо истеҳзо ба вай пичинг кард Сиҳат-амак. — Думаша зер кардӣ, мор фишшос зада, туро бохабар кардаст. Эҳ, ту... — даст афшонд саркор.
Аҳмад беэътино ба суханони саркор мори мурдаро бо чӯбе бардошта ба қуттии консерв андохт. Баъд дар қӯри алави самовар гӯр кард.
— Мори айнакӣ Аҳмад барин номард аст чӣ? — қавоқашро гирифта гуфт Дарвешев.
Ман бо ҳайрат ва даҳани во ба рӯи сардор хира шудам, ки чаро вай ин хел мегӯяд. Ӯ тааҷҷуби маро фаҳмид магар, суханашро шарҳ дод:
— Дар куҷо дидед, ки мори айнакӣ ба одам заҳр задаст?!
А?.. Агар гурза мебуд, аз даҳ метр дуртар хапакак меҷаҳиду кората тамом мекард.Мори айнакӣ то маҷбур нашава, намегазад, — сипас вай аз бӯи нофорами мори сӯхтагӣ рӯ турш карду даст афшонда ба роҳаш рафт.
Баъд аз рафтани вай Аҳмад-ака маро ҳам нафоронду аз наздаш ронд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё