Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Ҳой, Аҳмадбой, ҳамун сабилмонда мори сӯхтагетона

гум кунед, — гоҳе фиғон мебаровард Барака, — мор бӯи ҳамуна гирифта меояд. Аз барои савоб шабу нимишаб ба берун баромадан ҳам метарсам: Аҳмад гӯён бархато ба гардани ман напечад! — бедардона механдид вай.
— Э, вай мори сӯхтагира шишаба андохта дар лаби об гӯр кардам, — мегуфт Аҳмад-ака малул ва хотирпареш.
Баъд ман оҳиста аз Барака пурсидам, ки чаро мори сӯхтагиро ба шиша андохта гӯр кардаанд. Бино ба гуфти Барака мори сӯхтагӣ ба бисёр маризиҳои бедаво даво будаст. “Ягон кас ба Аҳмад-ака фармудагӣ, вай дар ивази он пули нағзакак мегирад, — гуфт вай дар фуроварди суханаш. — Наъли хари мурдаро кофта мегирад ин Аҳмад”.
— Хоҳ-нохоҳ як бор рӯ ба рӯ мешавӣ, Аҳмад, — таъкид кард Дарвешев таъқиби морро шунида. — Нағзаш — аз ин ҷо рав. Вагарна ё ту вайа мекушӣ, ё вай туро. Ин мор сахт аз паят афтодагӣ барин.
Аҳмад-ака нарафт. Барои ҳамин ҷасораташ ман ӯро этиром мекардагӣ шудам. Пештар барои дуруштию дағалиаш дар дилам аз вай малолате бошад ҳам, фаромӯш гашт.
Сухани сардор рост омад. Баъди ду рӯз мору Аҳмад-ака рӯ ба рӯ шуданд. Ҳарчанд ки ин мард рӯзҳои охир аз дасташ чӯбдасташро намемонд, ҳеҷ кор карда натавонист. Ман шоҳиди ин воқеа будам.
Чоштгоҳ буд. Ману Аҳмад-ака бо ду асп барои динамит бурдан аз кӯҳ ба бошишгоҳ омадем. Аҳмад ба борхалтааш динамитро ҷой карду барои як назар афкандан ба “анбори сари чашмааш” рафт. Ман аз ҷайбам “Чор дарвеш”-ро бароварда ба хондан андармон гаштам. Даҳ дақиқа гузашт ё нагузашт, Аҳмад-ака “воҳ!” гуфта фарёд зад. Ман парида аз ҷоям бархестаму давида рафтам. Ӯ дар замин хобида буду ба мӯзаи

пешина
аз 192
навбатӣ