Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
баъзе хислатҳои дигараш ба ҳамин далолат мекунанд”.
Онҳоро ба мошин шинонда равон гаштаму дилам ғаш кард, ки омада-омада хизмати ду-се қиморбозро ба зимма гирифтам. Рост-дия, қиморбозонро ба қиморҷой мебарам. Боз ин гарморо бинед, даруни мошин танури тафсон барин.
Рӯзҳои охир аз чи бошад, оби мошини ман зуд ба ҷӯшидан наздик мерасад. Сабабашро наёфта ҳайрон будам.
Вақте ки мо аз шаҳр баромада ба тарафи Лучоб рост шудем, оби радиатор ҷӯшид. Ман ночор мошинро қарор додам.
Ақрабаки ҳароратнамо ба сад расид. Сарпӯши моторро кушодам.
— Наҷӯшиданаш даркор, — гуфт амак бо эҳтиёт даст ба радиатор бурда ҳарорати онро санҷида. — Термостат соз. — Сонӣ пурсид: — Мили ток чӣ хел? Тез-тез ҳаллос мезанад ё доимиаш барин?
— Ҳаллос мезанад... Вақтҳои охир...
Амаки Муҳаммадраҷаб дигар ба сухани ман гӯш надода гузашту тасмаи бодбезакро зер кард.
— Шуд, ёфтам. Калита тед! Тасмаи чархи бодбезак суст шудагӣ. Албатта, об меҷӯшад-да!
Ду кас дар панҷ дақиқа генераторро лағчонда, тасмаи бодбезакро сахт кашидем.
“Ғалатӣ, — мегуфтам ба дил аз мошиндонии пиракӣ тааҷҷубам афзуда, — қиморрбоз куҷою техника?! Аз афти кор, ман бехабар қиморбозҳо ҳам қиморбозони пешин нестанд.
Дарвоқеъ, баробари давру замон ин тоифа ҳам бояд усули корашро дигар кунад... Ба ҳар ҳол, ин одам дигар хел. Ку, қиморбозиашро ҳам бинам”.
Роҳи мо қад-қади рӯди Лучоб ба даруни ин дараи дар ҳақиқат ба номаш мувофиқ — лучу урьён мерафт. Баъди аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё