Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дар пешашон қафасҳои болопӯшидаи кабк буд. Дар поёнтар
гармчашма воқеъ буд, беморон лӯнги баста дар оби гарми он
оббозӣ мекарданд.
Ман замоне баргашта омадам, ки дар зери тут як дархона барин заминро тахт карда, дар гирдогирди он ду қатор,
баъзе ҷойҳо се қатор одам давра гирифта менишастанд.
Пеш аз он ки кабкҳоро ба ҷанг монанд, ду тан саркарда,
ки дар маъракаи аввалбор дидагиам ҳам тӯдакаш буданд, бо
якдигар баҳсу хархаша оғоз карданд. Боиси хархаша, аз афти
кор, нотандеҳии кадоме дар бозии гузашта буд. Аниқашро
ман чандон батафсил нафаҳмидам. Яке аз саркардаҳо марди
ургутии ғалчае буд, ки калимаҳои тоҷикиро бо лаҳни узбекӣ
паҳн талаффуз мекард. Номи ӯро Мерган-ака мегуфтанд. Ӯро
ман аксар дар магазини бозор медидам, аз афташ, мудири
магазин буд. Ҳоло вай дасташро шоф карда, калимаҳои
тоҷикию узбекиро ба ҳам омехта мегуфт:
— Ман худам каклик надорам. Ана, гӯянд, — вай бо
даст ба атрофиёнаш ишора мекард. — Каклики дигаро. Агар
мард истӣ — бозӣ. Ман тарап надорам! — аз чӣ бошад, вай
калимаи “тараф”-ро “тарап” мегуфт.
Саркардаи дигар Сайфӣ ном ҷавонмарди 35-40 солаи
кулобӣ буд, ки пои росташ мелангид. Вай чашмони хаёлангез
ва табассуми дилкаше дошт. Пеш аз он ки кабкро ба ҷанг
монад, гӯё чашмашро раҳ мебурд, лабонаш ба табассум моил,
нигоҳаш ба нуқтае номаълум гиреҳ мехӯрду дуру дароз хаёл
мекард.
Амаки Муҳаммадраҷаб ҳанӯз бетараф, ба он талошҳо
беалоқа менигарист. Аз дилам гузашт, ки ин одамон баъд аз
ин агар маро дар шаҳр бинанд, шарики қиморбози худ
мешуморанд... Ин андеша чунон малул ва дилгиру бефараҳам

пешина
аз 192
навбатӣ