Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
намедиҳад. Одати одамизод ҳамин аст — ҳамеша дар ақидаи худ пойдор мондан мехоҳад. Сими печ додагӣ барин ҳарчанд кашем, боз ба вазъи аввали худ майл мекунад.
Кам-кам кабки Мерган-ака ба гурехтан cap карду ҳар ду тараф ҳам дамашонро ба дарун кашида, оқибати ҷангро нигарон шуданд. Кабки мағлуби ба хун ҷулида давраро чарх зада, рахнае мекофт, то ки гурезад, аммо ҳозирон ба якдигар ҷафс шуда, ба кабк роҳ намедоданд. Ҷонвар чору ночор боз ба ҷанг медаромад, сипас боз роҳи гурез меҷуст. Дили ман мехост кабк наздам ояду онро раҳо кунам, то ки аз уқубат наҷот ёбад. Аммо кабк ба назди ман намеомад. Кабки Сайфӣ паёпай ҳамла мекарду ҳар боре аз кабки Мерган-ака як қабза пар ҷудо мешуд. Кабки зӯр минқорашро ба хок пок карда, ғиғикунон боз аз паси ҳарифи худ медавид. Баъзеҳо норозиёна ғут-ғут мекарданд:
— Шуд-да, ин қадар ҷонвара азоб метиӣ!
— Ҳа, кайҳо гурехтагӣ буд...
Ҳазлгӯию шӯтқариҳо ҳам буданд:
— Гурехтагеш не, одати ин кабк ҳамин хел.
— Рост, рост, феълаш ҳамин хел будаст.
Оқибат Мерган-ака аз ҷо бархоста, ба болои кабкаш қафасро ниҳоду ман як нафаси сабук кашидам. Лаҳзае ғаварғавур, гап-гап, пулҳои қиморбозон радду бадал шуд ва сипас боз ҳама ба ҷойҳои худ нишастанд.
Ман зудтар ҷанги кабкҳоро ба сурат гирифта аз ин тамошои нофор гурехтан мехостам.
— Аз мошин суратгирак биёрам? — оҳиста пурсидам аз амаки Муҳаммадраҷаб.
— Не... сонӣ.
Дар сари маблағи кабкҷанги дигар боз баҳсу хархаша

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё